Путин Нетаняҳуро ноумед кард
Май 01, 2018 14:46 Asia/Dushanbe
Раисҷумҳури Русия дар гуфтугӯи телефони бо нахуствазири режими саҳюнистӣ ба ӯ таъкид кард, ки тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон бояд ҳифз шавад.
Владимир Путин дар тамоси телефонии Бенямин Нетаняҳу ба ӯ гуфт, мавзеи Русия ҳифзи тавофуқи ҳастаӣ ба унвони тавофуқест, ки аз аҳаммияти болое дар тазмини амният ва суботи байналмилалӣ бархурдор аст.
Путин таъкид кардааст, ки тавофуқи ҳастаӣ бояд ба сурати дастнахурда боқӣ бимонад ва ҳамаи тарафҳо бояд ба иҷрои он пойбанд бошанд.
Нахуствазири режими саҳюнистӣ душанбе шаб бо намоиши чанд пуша, диск ва тасвир ба унвони “санад”, Эронро ба анҷоми фаъолиятҳои ҳастаии махфӣ муттаҳам кард.