Май 02, 2018 20:03 Asia/Dushanbe
  • Дифои фармондеҳи артиши Мянмар аз низомиёни қотили мусулмонон

Фармондеҳи артиши Мянмар аз низомиёни ин кишвар, ки ба куштори мусулмонони Роҳингия даст мезананд, дифоъ кард.

Генерал Мин Аун Хлаинг дар дидор бо намояндагони Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид, ки аз иёлоти мусулмоннишини Рахини Мянмар боздид мекунанд, иттиҳом куштори систематик ва таҷовузи низомиён ба занон ва духтарони Роҳингия дар ин иёлотро рад кард.  

Вай муддаӣ шуд дар сурате, ки ин иқдомот анҷом шуда бошад, гуноҳкорон муҷозот мешаванд.  

Нахустин ҳайъати Шӯрои амнияти Созмони милал, ки барои баррасии абъоди ҷиноёти артиши Мянмар зидди мусулмонони Роҳингия ва баррасии буҳрони кунунӣ дар иёлоти Рахин вориди ин кишвар шудааст, хостори он шуд, ки таҳқиқи воқеӣ дар ин замина анҷом шавад.