Май 04, 2018 17:30 Asia/Dushanbe
  • Қатъи кумакҳои молии Амрико ба “Кулоҳсафедҳо” дар Сурия

Шабакаи радио ва телевизионии CBS-и Амрико аз қатъи кумакҳои молии ин кишвар ба кулоҳсафедҳо дар Сурия хабар дод.

Дар идомаи ҳимоятҳои Амрико аз террористҳо дар Сурия барои дастёбӣ ба манофеи худ дар ин кишвар, шабакаи CBS дар гузорише эълом кард, ки давлати Амрико ҳимоятҳои молии худ аз гурӯҳи мавсум ба "Созмони дифои мадании Сурия" (Кулоҳсафедҳо)-ро қатъ кардааст.

Ин шабакаи амрикоӣ ба санаде аз вазорати хориҷаи ин кишвар даст ёфтааст, ки нишон медиҳад, дафтари Шарқи Дури ин вазоратхона мунтазири чароғи сабз аз вазорати хориҷаи Амрико буда, то кумакҳои молии худро ба гурӯҳи “Кулоҳсафедҳо” аз таърихи 15 апрел идома диҳад.

Бар асоси ин гузориш, ҳеҷ тасмиме аз сӯи вазорати хориҷа ба ин дафтар эълом нашуд ва ин масъала боис шуд то ҳимоят аз гурӯҳи Созмони дифои мадании Сурия қатъ шавад.

Шумори афроде, ки дар ин гурӯҳ дар Сурия фаъолият мекунанд, се ҳазор нафар баровард мешавад.

 

Барчасп