Плутонии бо корбурди бомб дар Амрико гум шуд!
https://parstoday.ir/tg/news/world-i33666-Плутонии_бо_корбурди_бомб_дар_Амрико_гум_шуд!
Яке аз донишгоҳҳои Амрико ба иллати гумшудани плутонии дар ихтиёр, ки метавонад дар сохит "бомби касиф" истифода шавад бо ҷаримаи ҳашт ҳазору 500 долларӣ ру ба ру аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 05, 2018 08:45 Asia/Dushanbe
  • Плутонии бо корбурди бомб дар Амрико гум шуд!

Яке аз донишгоҳҳои Амрико ба иллати гумшудани плутонии дар ихтиёр, ки метавонад дар сохит "бомби касиф" истифода шавад бо ҷаримаи ҳашт ҳазору 500 долларӣ ру ба ру аст.

Ба нақл аз хабаргузории ИРНО,  камиссияи танзими қонунҳои ҳастаии Амрико эълом кардааст, донишгоҳи иёлатии Айдаҳу як грам плутонии бо қобилияти сохти бомбро гум карда, ки ҳануз пайдо нашудааст.

Гумшудани ин модаи ҳастаӣ, ки дар ракторҳо ва сохти бомби ҳастаӣ ба кор меравад нигаронкунанда аст, зеро имкони нигаҳдорӣ, истифодаи бидуни иҷозатнома ё олуда шудани мардум бо партавҳои он вуҷуд дорад.

Коршиносон муътақиданд ҳарчанде, ки миқдори плутонии гумшуда барои сохти як бомб кифоя нест, вале аз он метавон дар сохти "бомби касиф" ва интишори партавҳои хатарнок иқдом кард.

Бар асоси иттилооти нашршуда, ин моддаи ҳастаӣ аз соли таҳсилии 2003-2004 дар ихтиёри донишгоҳи Айдаҳу будааст ва дар натиҷаи ҷустучӯҳои бенатиҷаи октябри 2017, гумшуда эълом шуд.