Май 05, 2018 13:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия дар бораи лағви БАРҶОМ ва паёмадҳои он

Давлати Русия дар баёниае бо таъкид бар инки БАРҶОМ созу кори мутаодил барои таъмини манофеи ҳамаи тарафҳост, ҳушдор дод, лағви ин тавофуқ зиёнбор хоҳад буд. Тибқи ин баёния, бар ҳам хурдани мувозинаи шиканндаи манофеъ дар БАРҶОМ, паёмадҳои ҷиддӣ барои амнияти байналмилалӣ ва низоми манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ хоҳад дошт.

Таъкиди муҷаддади Русия бар ҳифзи БАРҶОМ бо таваҷҷуҳ ба ташдиди талошҳои Амрико барои хуруҷ аз БАРҶОМ ва баҳонатарошӣ дар ин замина сурат мегирад.

Русҳо муътақиданд ҳангоме, ки тавофуқе монанди БАРҶОМ ба роҳатӣ ба дасти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико зери по гузошта шавад, ҳеҷ тазмине вуҷуд нахоҳад дошт, ки аз ин пас низ дар мавориде монанди музокироти ҳастаӣ бо Кореяи Шимолӣ, ҳатто дар сурати тавофуқ бо он, тарафҳои муқобил ба вижа Амрико ба он пойбанд бимонанд.  

Владимир Ермаков, раиси идораи масоили адами ишоа ва контроли таслиҳоти Вазорати хориҷаи Русия бо баёни инки хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ бар мавқеияти Вашингтон таъсири манфӣ мегузорад, гуфт, ин амр нақзи БАРҶОМ аст ва мо ба иҷрои БАРҶОМ идома медиҳем.

Оливер Маер, коршиноси олмонӣ таъкид кард, БАРҶОМ ба озмуни омодагӣ ва ҷиддияти Аврупо барои дифоъ аз манофеи худ дар баробари иқдомоти якҷонибаи Амрико табдил шудааст.

Трамп ҳамчунон бар рӯйкарди зидди барҷомии худ таъкид мекунад.

Вай дар охирин мавзеъгириаш бори дигар тавофуқи ҳастаии Эронро фоҷеабор донист ва аз мақомоти давлати қаблии Амрико ба вижа Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи вақти Амрико барои музокира дар бораи он интиқод кард.

Қарор аст, Трамп 8 рӯзи дигар дар бораи мондан дар БАРҶОМ ё хуруҷ аз он тасмимгирӣ кунад.

Дар сурати хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, ин масъала муҷиби коҳиши ҳарчи бештари обру ва мавқеияти иддаоии Амрико дар арсаи байналмилалӣ хоҳад шуд.

Асли муҳими пойбандии давлатҳо ба тааҳҳудоти худ дар чорчуби тавофуқҳои байналмилалӣ низ зер савол хоҳад рафт.

 

Барчасп