Май 06, 2018 09:19 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи Трамп ва Мэй дар бораи Эрон ва Кореяи Шимолӣ

Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико ва Тереза Мэй нахуствазири Англия дар хусуси Барҷом ва масъалаи Кореяи Шимолӣ телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши ИРНА, Кохи Сафед дар баёнияе эълом кард, Трамп ва Мэй дар ин гуфтугӯ дар бораи фаъолиятҳои ҳастаӣ табодули назар карданд.

Трамп, ки бояд рӯзи дувоздаҳуми моҳи май назари худро дар мавриди тамдиди таълиқи таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эрон эълом кунад, таҳдид кардааст, дар сурте ки аврупоиҳо «ноқисиҳо»-и БАРҶОМ-ро рафъ накунанд, аз он хориҷ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Борис Ҷонсон вазири умури хориҷаи Англия низ ба манзури гуфтугӯ бо мақомҳои аршади давлати Амрико ва мутақоид кардани он кишвар барои мондан дар БАРҶОМ роҳии Вашингтон мешавад.

Пештар Эммануэл Макрон раиси ҷумҳурии Фаронса ва Ангела Меркел садри аъзами Олмон низ ба Амрико рафта буданд, то Трампро ба мондан дар БАРҶОМ тарғиб кунанд.

Трамп ва Мэй дар ин тамоси телефонӣ дар бораи Кореяи Шимолӣ низ гуфтугӯ карданд. Қарор аст раиси ҷумҳурии Амрико ва Ким Чен Ин раҳбари Кореяи Шимолӣ тайи чанд ҳафтаи оянда дидор кунанд.