Шикояти афсари мусалмон аз идораи полис дар Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i33888-Шикояти_афсари_мусалмон_аз_идораи_полис_дар_Амрико
Афсари полиси мусулмон дар шаҳри Сан-Хосеи иёлоти Калифорнияи Амрико аз идораи полиси ин шаҳр ба хотири рафтори табъизомез бо вай шикоят кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 09, 2018 21:29 Asia/Dushanbe
  • Шикояти афсари мусалмон аз идораи полис дар Амрико

Афсари полиси мусулмон дар шаҳри Сан-Хосеи иёлоти Калифорнияи Амрико аз идораи полиси ин шаҳр ба хотири рафтори табъизомез бо вай шикоят кард.

Набил Ҳайдар, афсари полиси шаҳри Сан-Хосеи иёлоти Калифорнияи Амрико, ба ин сабаб, ки ҳамкоронаш ба ӯ лақабҳое чун диишӣ дода буданд, аз идораи полиси ин шаҳр шикоят кард.

Вай гуфт, ҳамкоронаш ба хотири динаш ӯро мавриди озору азият қарор медиҳанд ва ҳатто замони роҳ рафтани ӯ дар идораи полис садои инфиҷор аз худ дармеоваранд.