Май 10, 2018 20:30 Asia/Dushanbe
  • Ташаккури вазири хориҷаи Русия аз раҳбари Инқилоби Исломӣ

Вазири умури хориҷаи Русия аз мавзеъгирии мантиқии Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар вокуниш ба бадаҳдии Трамп, қадрдонӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, Саргей Лавров рӯзи панҷшанбе дар конфронси хабарии муштарак бо Хайко Маас, вазири умур ихориҷаи Олмон дар Маскав, бо ишора ба мавзеъгирии раҳбари Инқилоби Исломӣ дар қиболи хориҷ шудани Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ гуфт, «мо аз рӯйкарди ҳисобшудаи раҳбари Эрон дар ин замина тақдир мекунем.»

Лавров афзуд, хориҷ шудани Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ, нақзи ҷиддии қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аст.

Вазири хориҷаи Русия ҳамчунин таъкид кард, Маскав тазмин мекунад, ки таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, БАРҶОМ-ро аз байн намебарад.

Вазири хориҷаи Олмон низ аз Эрон хост, ба таври комил ба тааҳҳудоташ ба барҷом пойбанд бимонад ва ба амалкарди худ дар чорчӯби ин тавофуқ идома диҳад.

Маас таъкид кард, Аврупо низ бояд ба тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ пойбанд бошад.

Дар ҳамин ҳол, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон рӯзи панҷшанбе дар вокуниши шадид ба тасмими Трамп гуфт, Аврупо дигар наметавонад рӯйи Амрико барои ҳифозат аз ин қора ҳисоб кунад.

Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса низ рӯзи панҷшанбе ба таври зимнӣ, раисиҷумҳури Амрикоро муттаҳам кард, ки мехоҳад барои аврупоиҳо тасмим бигирад.

Вазири мушовири давлати Бритониё дар умури Ховари Миёна низ зимни таъйиди ихтилофи кишвараш бо давлати Амрико дар бораи БАРҶОМ, гуфт, Лондон мехоҳад ба мондан дар ин тавофуқ идома диҳад ва ба тааҳҳудоташ дар он амал кунад.