Май 10, 2018 21:21 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии Маҳатҳир: Шикасти Арабистон

Бо шикасти Наҷиб Разоқ, ки мавриди ҳимояти Арабистони Саудӣ буд дар интихоботи саросарии Малайзия, шикасти тозае барои сиёсати Арабистон рақам хӯрд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал Олам”, Наҷиб Разоқ, нахуствазири пешини Малайзия омаду шуди бисёре ба Арабистон дошт, дар соли 2015 ба далели фасоди молӣ ва дарёфти пул аз Арабистони Саудӣ дар интихобот, мавриди бозҷӯӣ қарор гирифт.

Бар асоси аснод, дар соли 2013 ва дар муборизоти интихоботӣ, баъд аз ду муомилаи бузург, маблағи 620 миллион доллар ва сипас маблағи 61 миллион доллар ба ҳисоби Наҷиб Раззоқ ворез шуда буд.

Разоқ ин маблағро ҳадияи Оли Сауд ба худ номида ва гирифтани ришваро рад карда буд, аммо ин расвоии молӣ дар соли 2016 ба хашми мардум ва аҳзоби мухолифи давлат ва таҷаммӯоти ҳазорон нафарӣ мунҷар шуд.

Дар даврони нахуствазирии Наҷиб Раззоқ, афзоиши ҳамкорӣ Малайзия бо Арабистон ва ифшо шудани нақши Арабистон дар ҳимоят аз нуфузи ифротгароён дар Малайзия низ эътирозоти мардум, андешамандон ва бархе сиёсиюни Малайзияро рақам зад.

Дар соли 2017 низ баъд аз сафари чаҳоррӯзаи Малик Салмон, подшоҳи Арабистон ба Куала-Лумпур, дар баёнияи муштараки давлати Малайзия ва ҳукумати Арабистон, иддаоҳое алайҳи

Эрон матраҳ шуд ва Малайзия дар канори Арабистон, Эронро ба дахолат дар умури дигар кишварҳо муттаҳам кард.

Аммо аз сӯи дигар, Маҳатҳир Муҳаммад пирӯзи интихоботи ахири маҷлиси Малайзия, чандин сафар ба Эрон дошта ва Эронро яке аз «пешгомони тамаддун»-и башарӣ тавсиф кардааст.

Ӯ, ки байни солҳои 1981 то 2003 нахуствазири Малайзия буда, нақши муҳимме дар ҳаракати навсозии ин кишвар дошта ва вазъияти ин кишварро метавон ба пеш ва пас аз нахуствазирии ӯ тақсим кард.