Май 11, 2018 07:59 Asia/Dushanbe

Изҳороти раисиҷумҳури Амрико дар бораи қудрати вазири умури хориҷаи Эрон, дар музокира ва шикастхӯрдани музокиракунандаи амрикоӣ аз Зариф дар тавофуқи ҳастаӣ, мавриди таваҷҷуҳи сайтҳои хабарӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Эрон қарор гирифтааст.

Раисиҷумҳури Амрико як рӯз пас аз хориҷ шудани ин кишвар аз тавофуқи ҳастаӣ дар нишасте бо аъзои кобинааш як бори дигар муддаӣ шуд, тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, нафъе барои Амрико надошт.

Ӯ таъкид кард, муҳиммтарин далели хориҷ шудани Амирко аз ин тавофуқ он буд, ки БАРҶОМ амнияти Исроилро таъмин намекард.

Аммо нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ дар суханони Трамп, эътирофи ӯ ба тавоноии Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар музокира буд.

Трамп гуфт, ҳангоме, ки се дақиқа аз сӯҳбатҳои Зарифро дар як гуфтугӯи телевизионӣ дида ба ин натиҷа расидааст, ки Ҷон Керри (вазири хориҷаи вақти Амрико) дар музокира бо ин мард ҳеҷ шонсе надорад.