Май 12, 2018 13:44 Asia/Dushanbe
  • Имтинои Аврупо аз таҳаммули ҳазинаҳои хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ

Жан-Ив Ле Дриан, вазири хориҷаи Фаронса, иқдоми Амрикоро мабнӣ бар эъмоли таҳримҳо зидди ширкатҳои хориҷӣ, ки бо Эрон равобити бозаргонӣ доранд, ғайри қобили қабул тавсиф кард ва гуфт: Аврупоиҳо набояд баҳои хуруҷи Амрикоро аз БАРҶОМ пардохт кунанд.

Вай бо интиқод аз рӯйкарди Амрико дар заминаи ширкатҳои аврупоӣ, ки бо Эрон кор мекунанд, гуфт: Аврупоиҳо бояд аз манофеи ширкатҳои худ дар баробари таҳримҳои зиддиэронии Кохи Сафед, ҳимоят кунанд.  

Мавзеи тунди вазири хориҷаи Фаронса дар бораи рӯйкарди амрикоиҳо барои таҳмили ҳазинаҳои хуруҷ аз БАРҶОМ бар дигар кишварҳо ба вежа шуракои аврупоии худ, нишон медиҳад, ки Аврупо монанди қабл хоҳони пайравии комил аз сиёсатҳои Амрико дар бораи Эрон нест.

Аврупо бо таваҷҷуҳ ба короии БАРҶОМ ба унвони як тавофуқи байналмилалӣ, ки аҳдофи мавриди назар аз он бароварда шудааст,ба таври ҷиддӣ хоҳони ҳифз он аст.  

Бо ин ҳол ҳифзи БАРҶОМ дар гарави пойбанди Эрон ба он аст. Теҳрон эълом карда, ки то замоне дар БАРҶОМ боқӣ хоҳад монд, ки манофеи Эронро таъмин кунад.  

Дар сурати лағви БАРҶОМ, на фақат ҷойгоҳи Аврупо дар сатҳи байналмилалӣ латма хоҳад дид, балки эътибори он ба унвони мотори муҳаррикаи музокироти БАРҶОМ ва назорат бар он зери савол хоҳад рафт.

Федерика Могерин, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо таъкид кард, тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ муассир буда ва ин иттиҳодия мусаммам ба ҳифзи он аст. Ҳеҷ кишваре наметавонд ба сурати якҷонба БАРҶОМ-ро лағв кунад, зеро ин як тавофуқи дуҷониба нест, балки як мероси ҷаҳонӣ аст.  

Брюссел таъкид карда, ки БАРҶОМ барои ҳифз ва тадовуми амнияти Аврупо, минтақа ва тамоми ҷаҳон зарурат дорад.

Шояд ҳамин мулоҳизот аст, ки боис шуда то Бурну ле Маир, вазир дороии Фаронса хоҳони мавзеи маҳками Аврупо дар баробари Амрико дар заминаи хуруҷ ин кишвар аз БАРҶОМ шавад.  

Бадин тартиб интизор меравад, ки давлатҳои аврупоӣ мавзеи маҳкам дар хостаҳо ва таҳдидоти таҳримии Амрико иттихоз кунанд.

 

Барчасп