Раиси пешини CIA: Трамп масъули қатли оми фаластиниён аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i34226-Раиси_пешини_cia_Трамп_масъули_қатли_оми_фаластиниён_аст
Раиси пешини Созмони иттилооти марказии Амрико (CIA), раисҷумҳури ин кишвар ва нахуствазири режими саҳюнистиро масъули қатли оми мардуми Ғазза донист.  
(last modified 2025-12-10T09:53:47+00:00 )
Май 16, 2018 17:37 Asia/Dushanbe
  • Раиси пешини CIA: Трамп масъули қатли оми фаластиниён аст

Раиси пешини Созмони иттилооти марказии Амрико (CIA), раисҷумҳури ин кишвар ва нахуствазири режими саҳюнистиро масъули қатли оми мардуми Ғазза донист.  

Ҷон Бреннан дар як паёми твиттерӣ навишт: Куштори Ғазза натиҷаи бетаваҷҷуҳии ошкори Доналд Трамп ва Бенямин Нетаняҳу ба ҳуқуқи фаластиниён ва сарзамини модарии онҳо аст.

Бреннан бо интиқод аз тасмими давлати Амрико барои интиқоли сафорати ин кишвар аз Телавив ба Қудс афзуд: Трамп бо ин иқдом, нақши сулҳбонии Амрикоро аз байн бурд.