Узрхоҳии Ашраф Ғанӣ пас аз ҳамлаи ҳавоии маргбор наздики Қундуз
https://parstoday.ir/tg/news/world-i34266-Узрхоҳии_Ашраф_Ғанӣ_пас_аз_ҳамлаи_ҳавоии_маргбор_наздики_Қундуз
Раисҷумҳури Афғонистон ба иллати ҳамлаи ҳавоии маргборе, ки авоили апрели гузашта як мадрасаи Қуръониро дар шимоли шарқи ин кишвар ҳадаф қарор дод, узрхоҳӣ кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 17, 2018 12:50 Asia/Dushanbe
  • Узрхоҳии Ашраф Ғанӣ пас аз ҳамлаи ҳавоии маргбор наздики Қундуз

Раисҷумҳури Афғонистон ба иллати ҳамлаи ҳавоии маргборе, ки авоили апрели гузашта як мадрасаи Қуръониро дар шимоли шарқи ин кишвар ҳадаф қарор дод, узрхоҳӣ кард.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо хонаводаи қурбониёни ин ҳамлаи иштибоҳӣ ва масъулони маҳаллӣ дидор ва аз онҳо узрхоҳӣ кард.  

Раисҷумҳури Афғонистон гуфт: Тафовути давлати машруъ бо муздурон ин аст, ки давлати машруъ ба иллати иштибоҳоте, ки анҷом додааст, узрхоҳӣ мекунад.