Сентябр 03, 2016 09:34 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз мавзӯи

Дар ҷараёни омодагии баргузории интихоботи ДУМА-и Русия, теъдоде аз аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсии ин кишвар барои баҳрабардорӣ ва ҷазби орои мардум, мавзӯи мухолифат бо ҳузури коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро ташдид мекунанд.

Ба гузориши сайти "Фарғона.ру", аҳзоби расмии "Ватан", Ҳизби коммунист ва "Русияи адолатпарвар" ҷорӣ кардани раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ангуштнигории илзомӣ аз коргарони муҳоҷир ва ташдиди назорат бар марзҳоро барои ҷилавгирӣ аз вуруди ин афрод хостор шудаанд.

 Аз дидгоҳи ин аҳзоб ва гурӯҳҳо, коргарони муҳоҷири хориҷӣ бозори кори Русияро тахриб карда ва муҷиби афзоиши ҷурму ҷиноят дар ин кишвар шудаанд.

Гурӯҳҳои миллигарои Русия муқобила бо лоббиҳои ҳомии манофеи коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар дохили Русияро, ки ба иддаои онон аз нерӯи кори арзони ин ҷумҳуриҳо суди фаровони молӣ касб мекунанд, хостор шудаанд.

Ҳамчунин бо дархости ин гурӯҳҳо номае дар мавриди эъмоли маҳдудият барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла ҷаримабандии сангини молӣ барои ин афрод дар сурати нақзи қавонини кор ва иқомати онон дар Русия дар ҳоли имзо шудан аст, ки то ба имрӯз 100 ҳазор нафар аз ин дархост ҳимоят кардаанд.

Интихоботи ДУМА-и Русия рӯзи 18 сентябри соли ҷорӣ баргузор мешавад.

 Ин дар ҳолест, ки тибқи гузоришҳои расмӣ, дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби патент ва пардохтҳои дигари муҳоҷирон танҳо даромади буҷети Маскав 6 миллиарду 800 миллион рублро ташкил додааст.   

Бино ба маълумоти Маркази сабти номи муҳоҷирон дар шаҳраки Сахарово, дар канори Маскав, дар нимсолаи гузашта 193 ҳазор патент ба муҳоҷирон дода шудааст, 199 ҳазор нафар аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд ва 128 ҳазор нафар аз забони русӣ ва таърих ва асосҳои қонунҳои Русия имтиҳон супурданд. Ҳар патент дар шаҳри Маскав 4 200 рубл арзиш дорад ва дигар ҳамаи хадамот барои муҳоҷирон арзиши муайяни худро дорад ва дар маҷмӯъ, маблағи ҳангуфт ба будҷаи Маскав ворез мешавад ва маблағе, ки аз ҳисоби пардохтҳои муҳоҷирон ба даст омадааст, аз даромади муассисаҳои нафту гази Маскав бештар дониста шудааст.