Май 22, 2018 19:34 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи ҳавоии Эрдуғон барои бознигарӣ дар равобити Анкара-Телавив

Раисҷумҳури Туркия гуфт, баъди интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурии ин кишвар, дар равобити Анкара бо Телавив бознигарӣ мешавад.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар парвози бозгашт аз Босния ва Ҳерсеговина ба хабарнигорон гуфт: Дар паи тасмими Созмони ҳамкории исломӣ барои таҳрими маҳсулоти тавлиди Исроил, Туркия низ баъд аз интихобот дар равобити тиҷориаш бо Телавив бознигарӣ мекунад.  

Рӯзномаи Ҷумҳурияти Туркия декабри 2017 аз афзоиши чаҳор баробарии мизони мубодилоти тиҷории Туркия ва режими саҳюнистӣ дар давраи ҳокимияти Ҳизби адолат ва тавсеа хабар дод.