Вазири дифои Русия: ДИИШ дар ҳоли интиқол аз Сурия ба Афғонистон
Вазири дифои Русия гуфт, бахше аз нерӯҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҳоли интиқол аз Сурия ба Афғонистон ҳастанд.
Ба гузориши сомонаи Вазорати дифои Русия, Сергей Шойгу дар дидор бо Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурӣ ва Абдусалом Азизов, вазири дифои Ӯзбакистон дар Тошканд, бар аҳамияти ҳамкории ду кишвар бо таваҷҷуҳ ба авзои ноамни Афғонистон таъкид кард.
Шабакаи телевизионии “Звезда” дар Русия ҳам аз дидор ва гуфтугӯи Шавкат Мирзиёев ва Сергей Шойгу, ки ба муддати се соат ва пушти дарҳои баста идома дошт, хабар додааст.
Вазири дифои Русия дар Тошканд гуфтааст, ин кишвар омода аст таҷрибаҳои ба даст омада дар ҷанги Сурияро дар ихтиёри Ӯзбакистон қарор диҳад.
Абдусалом Азизов, вазири дифои Ӯзбакистон ҳам изҳор доштааст, ин кишвар ба Русия ба унвони як кишвари дорои нуфуз дар сатҳи ҷаҳон ва минтақа нигоҳ мекунад ва хостори тақвияти беш аз пеши равобит миён ду тараф аст.
Таҳлилгарони сиёсӣ сафари вазири дифои Русия ба Ӯзбакистонро дар пайи ташдиди авзоъ дар Афғонистон, ба вижа истиқрори ДИИШ дар наздики марзҳои ин кишвар бо Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон муҳим арзёбӣ мекунанд.