Май 23, 2018 14:09 Asia/Dushanbe
  •  Ифшогарии сомонаи русӣ аз ҳамдастии Амрико бо террористҳои ДИИШ

Як сомонаи русӣ мавориди ҷадиде аз ҳамдастии Амрико бо гурӯҳи террористии ДИИШ ифшо кард.

Сомонаи интернетии “Free-news” ба ташреҳи амалиёти рӯзи 21-уми майи нерӯҳои ҳавоии Амрико дар чаҳор рустои вилояти Ҳасакияи Сурия пардохтааст.

Дар ин сомона ба нақл аз сокинони маҳаллӣ омадааст; чаҳор болгарди амрикоӣ пас аз гулӯлаборони мақарри террористҳо, ки бештар ба як намоиш шабеҳ будааст, пушти сари ҳам дар яке аз нуқоти минтақа фуруд омаданд.

 Дар идома теъдоде аз фармондеҳони мусаллаҳи амрикоӣ аз болгардҳо пиёда шуданд ва бо рафтан ба мақарри террористҳо, чанд нафар аз онҳоро бо худ савори болгардҳо карданд.

Сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, афроди мунтақилшуда фармондеҳони гурӯҳҳои террористӣ буданд, ки мардум аз тарси муҷозот шудан ҳаргиз ҳувияти онҳоро ифшо накарда буданд.

Дар ин миён рафтори ҷолиб ва машкуки низомиёни амрикоии ҳозир дар саҳна барои сокинони маҳаллӣ мубҳам будааст. Зеро ки ин нерӯҳо бо террористҳо на монанди душман, балки ба унвони як ҳамроҳу ҳамроҳикунанда бархурд мекарданд.

 Ин террористҳои ба истилоҳ дастгиршуда сипас озодона ба самти болгардҳо рафта ва савори онҳо шудаанд. Дар ҳоле ки ҳеҷ шиддати амале аз сӯйи амрикоиҳо дар қиболи онҳо дида нашуд.

Ин сомонаи русӣ муддаӣ аст, пеш аз ин ҳам мавориди дигаре аз ҳамдастии ғарбиҳо бо террористҳо дар Сурия мушоҳида шуда буд.