Рафтори тавҳиномез бо зиндониён мусулмон дар Амрико
(last modified 2018-05-25T12:28:39+00:00 )
Май 25, 2018 17:28 Asia/Dushanbe
  • Рафтори тавҳиномез бо зиндониён мусулмон дар Амрико

Зиндониёни мусулмон дар иёлати Аляска эълом карданд, масъулони зиндони Анкориҷ дар ин иёлат бо онҳо рафтори тавҳиномез доранд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, зиндониёни мусулмон дар иёлати Аляска эълом карданд, масъулони зиндон аксаран онҳоро гурусна нигаҳ медоранд ва дар моҳи рамазон низ ба онҳо ғизоҳое медиҳанд, ки аз гушти хук таҳия мешавад.

Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ, ки як созмони ғайридавлатии амрикоӣ аст, дар эътироз ба рафтори номуносиби масъулони зиндон Анкориҷ Аляска бо зиндониёни мусулмонон, шикоятеро рӯзи сешанбе ба додгоҳи федералии ин иёлат ироа кард.

Ин шикоят зидди масъулони идораи зиндонҳои маҳаллии Аляска ва зиндонбонон танзим шудааст.

Ин созмон дар баёнияе эълом кард, ки зиндониёни мусулмон дар Анкориҷ бо рафторҳои табъизомез ва танбеҳоти хушунатбор ва номаъқул рӯбарӯ ҳастанд, ки озодии мазҳабии онҳоро маҳдуд мекунад.

Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ пеш аз моҳи мубораки рамазон низ гирифтани тадбирҳои амниятӣ барои муҳофизат аз мусулмонон дар муқобили хушунатҳои нажодпарастонаро хостор шуда буд.

Бо оғози даврони раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп, фаъолияти гурӯҳҳои зиддиисломӣ дар Амрико афзоиши чашмгире ёфтааст.

 

Барчасп