Май 26, 2018 13:55 Asia/Dushanbe
  • Ситораи мусулмони Ливерпул рӯзадор ба финали Лигаи қаҳрамонон меравад

Муҳаммад Салоҳ, ситораи мисрии бошгоҳи Ливерпул қасд дорад дар рӯзи мусобиқаи финали Лигаи қаҳрамонон ҳам рӯза бигирад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дидори финали Лигаи қаҳрамонон байни ду тими Реал Мадрид ва Ливерпул имрӯз (шанбе) дар шаҳри Киев, пойтахти Украина баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол бозикунони Ливерпул барои боз кардани дарвозаи Реал Мадрид, чашми умед ба Муҳаммад Салоҳ, голзани мисрии ин тим духтаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба баргузории ин дидор дар моҳи мубораки Рамазон, Муҳаммад Салоҳ гуфтааст, мехоҳад дар рӯзи бозӣ баробар Реал Мадрид низ рӯза бигирад.

Вай ба кодри фаннии Ливерпул гуфтааст, ин мавзӯъ таъсире дар омодагии вай нахоҳад дошт ва ӯ метавонад бархилофи рӯза доштан, амалкарде монанди гузаштаро дар рӯзи финал, ироа диҳад.

Муҳаммад Салоҳи мисрӣ борҳо дар моҳҳои ахир аз эътиқодоти маҳками худ парда бардоштааст ва ҳоло дар рӯзи Финали лигаи қармонон низ ба он пойбанд хоҳад буд.