Пампо ин бор ба дунболи иҷмои ҷаҳонӣ алайҳи Эрон аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i34752-Пампо_ин_бор_ба_дунболи_иҷмои_ҷаҳонӣ_алайҳи_Эрон_аст
Вазири хориҷаи Амрико дар идомаи изҳороти зидди эронии худ, аз қасди Вашингтон барои эҷоди иҷмои ҷаҳонӣ алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон сухан гуфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 27, 2018 16:56 Asia/Dushanbe
  • Пампо ин бор ба дунболи иҷмои ҷаҳонӣ алайҳи Эрон аст

Вазири хориҷаи Амрико дар идомаи изҳороти зидди эронии худ, аз қасди Вашингтон барои эҷоди иҷмои ҷаҳонӣ алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон сухан гуфт.

Майк Пампо, вазири хориҷаи Амрико дар паёме дар Твиттери худ навишт, роҳбурди мо дар қиболи Эрон ташкили иҷмои ҷаҳонӣ аст, ки аз режими Эрон бихоҳад, ҳар ончи мо аз кишварҳои дигар мехоҳем, анҷом диҳад ва мисли як кишвари оддӣ рафтор кунад.  

Пампо ҳафтаи гузашта зимни рӯнамоӣ аз роҳбурди Вашингтон дар қиболи Теҳрон пас аз хуруҷ аз БАРҶОМ, 12 дархост ва шарт аз Эрон мутолиба кард.