Май 29, 2018 18:19 Asia/Dushanbe
  • Сафари мақоми аршади Кореяи Шимолӣ ба Амрико

Раиси собиқи Созмони ҷосусии Кореяи Шимолӣ баъд аз сафаре кӯтоҳ ба Чин, ба Амрико рафт.  

Дурӯз пас аз дидори ҳайъати амрикоӣ ва Кореяи Шимолӣ дар минтақаи марзи Кореяи Ҷанубӣ, Ким Юн Чул имрӯз ба Вашингтон рафт, то музокиротеро бо мақомҳои амрикоӣ дар бораи нишасти Ким Ҷонг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико анҷом диҳад.  

Ким Юн Чул дар музокирот бо Кореяи Ҷанубӣ ширкат дошта ва сафари ахири вай ба Амрико ба манзури тадоруки бештаре барои баргузории нишасти таърихии сарони ду кишвар дар 12 июн аст.