Бархӯрди эҳтимолии шаҳобсанги 50 метрӣ бо замин
(last modified Sat, 03 Sep 2016 14:53:07 GMT )
Сентябр 03, 2016 19:53 Asia/Dushanbe
  • Бархӯрди эҳтимолии шаҳобсанги 50 метрӣ бо замин

Ахтаршиносон дар бораи наздик шудани хатарноки як шаҳобсанги бузург ва эҳтимоли бархӯрди он ба нуқтаи номаълуме дар замин, фардо (якшанбе) ҳӯшдор додаанд.

 Шабакаи "Russia Today", ин хабарро ба нақл аз бархе донишмандони ахтаршинос эълом кард ва афзуд, номи ин шаҳобсанг « 2016 qa2» ва тӯли он ҳудуд 50 метр аст.

Ин шаҳобсанг бисёр бузургтар аз шаҳобсанги «Челябинск» аст, ки дар соли 2012 дар минтақаи Урали Русия ба замин бархӯрд кард.

 Ин донишмандон, ки расонаи русӣ номе аз онҳо набурдааст, гуфтаанд, авоқиби бархӯрди ин шаҳобсанг ба замин низ бештар аз Челябинск хоҳад  буд.

Ба гуфтаи ин донишмандон, шаҳобсанг дар сурати вуруд ба ҷави замини хурд хоҳад шуд ва бахши умдаи он хоҳад сӯхт, аммо ончи боқимемонад низ метавонад барои замин ва сокинони он хатарнок бошад.

Аз сӯи дигар, бархе донишмандон низ эҳтимоли бархӯрди шаҳобсангро аз назари муҳосиботи риёзӣ кам медонанд.

Донишмандон токунун (камтар аз 48 соат пеш аз суқути эҳтимолӣ) ҳанӯз натавонистаанд минтақаи бархӯрди тақрибии шаҳобсангро ташхис диҳанд, амре, ки далолат бар эҳтимоли заифи бархӯрди он ба замин дорад.