Июн 04, 2018 19:46 Asia/Dushanbe
  • Табрики сафорати Эрон дар Кобул ба донишҷӯёни афғонистонии бартар дар Эрон

Сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Кобул, муваффақияти донишҷӯёни шаҳрванди Афғонистонро дар озмӯнҳои коршиносии аршади донишгоҳҳои Эрон табрик гуфт.

Дар баёнияи сафорат омадааст: Соли таҳсилии ҷорӣ, чанд донишҷӯи афғонистонии муқими Эрон дар озмӯни коршиносии аршади соли 1397 ҳиҷрии шамсӣ (2018) дар риштаҳои мухталиф рутбаҳои такрақамӣ ба даст оварданд.

Сафорати Эрон дар Кобул дар ин баёния таъкид кардааст: Ҷумҳурии исломии Эрон муфтахар аст, ки фазои рушди ҷавонони афғонистониро дар дохили Эрон фароҳам кардааст.