Сентябр 04, 2016 12:38 Asia/Dushanbe
  • Буҳрони Сурия, меҳвари гуфтугӯҳои Эрдуғону Путин

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия рӯзи шанбе дар Чин дар ҳошияи ёздаҳумин нишасти сарони "Гурӯҳи 20" бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дидору гуфтугӯ кард. Ин дувумин дидори раҳбарони ду кишвар баъд аз шурӯи оддисозии равобит аст.

Ба гузориши ИРНА, дар ин дидор Муҳаммад Шемшак, муовини нахуствазир, Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷӣ, Ниҳод Зебикчи, вазири иқтисод, Барот Олбойрок, вазири энержӣ ва манобеи табиӣ ва Ҳокон Фидон, раиси Хадамоти амниятии Туркия ҳузур доштаанд.

Хабаргузории "Анадолу" гузориш дод, ки Путин дар ин дидор аз оддӣ шудани ҳаёти сиёсӣ дар Туркия ба дунболи табаддулоти нофарҷоми 15 июл ибрози хурсандӣ кардааст. Ӯ бо таъкид бар ин ки Туркия аз даврони гузори сахте убур мекунад, гуфтааст, Русия медонад, ки Туркия бо таҳдидҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯст ва ба мубориза бо терроризм машғул аст. Путин бо ишора ба ин ки ду тараф пештар мавозеи худро дар хусуси мубориза бо терроризм ба якдигар баён кардаанд, таъкид кард, "оддисозии шароит дар Туркия мӯҷиби пешрафту муваффақиятҳои муҳиме аст, вале бо такмили  ин шароит бо суръати бештаре равобитро тавсеа хоҳем дод".

Эрдуғон низ музокироти имрӯзаи худро бо Путин идомаи гуфтугӯҳои дутарафа дар Санкт-Петербург арзёбӣ карда гуфт, "дар дидори имрӯза мавзӯотеро, ки дар Санкт-Петербург музокира кардем, идома дода ва мавзӯоти бисёр муҳим, сиёсӣ, иқтисодӣ ва минтақаиро баррасӣ намудем".

Ба гуфтаи коршиносони сиёсӣ дар Анқара, он чӣ, ки дидори Ардуғону Путинро ҳассос кардааст, боз шудани ҷабҳаи дигаре аз амалиёти бурунмарзии Туркия дар хоки Сурия ҳамзамон бо ин дидор будааст. Имрӯз шумори қобили таваҷҷуҳи танку нирӯҳои артиши Туркия аз минтақаи Келис вориди хоки Сурия шуда, то шаҳри Чубонби-ал-рои Сурия пеш рафтаанд. Ин амалиёт дар ёздаҳумин рӯзи амалиёти мавсум ба "Сипари Фурот" сурат гирифт.

Равобити Туркия ва Русия ба дунболи сарнагун шудани ҷангандаи Русия дар 24-уми ноябри соли гузашта дар марзи ин кишвар бо Сурия буҳронӣ шуда буд, ки баъд аз номаи Эрдуғон ба Путин ва ба дунболи он сафар ӯ ба Санкт-Петербург ду тараф нисбат ба аз сар гирифтани равобит тасмим гирифтанд.