Гирдиҳамоии бузурги Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Маскав+видео
(last modified Fri, 08 Jun 2018 16:08:35 GMT )
Июн 08, 2018 21:08 Asia/Dushanbe

Ҳамзамон бо Рӯзи ҷаҳонии Қудс, ҳазорон нафар аз мусулмонони пойтахти Русия бо ҳузур дар масҷиди ҷомеъ ва хиёбонҳои атрофи он, ҳамбастагии худро бо мардуми ситамдидаи Фаластин эълом карданд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, дар ин маросим сафирони 12 кишвари исломӣ шомили Эрон, Туркия, Ироқ, Афғонистон, Лубнон, Покистон, Нигерия, Миср, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Сурия ҳузур доштанд.

Шайх Равил Айнуддин раиси Шӯрои муфтиёни Русия дар ин маросим, Рӯзи Қудсро мероси арзишманди Имом Хумайнӣ (раҳ) номид.

Шайх Айнуддин бо ишора ба иқдоми Амрико дар интиқоли сафорати ин кишвар аз Телавив ба Қудс гуфт: Ин иқдом ва дар пайи он куштори бераҳмонаи фаластиниён, зарурати ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин ва ибрози танаффур аз иқдомоти Амрико ва режими Исроилро бештар аз ҳамеша кардааст.

Айнуддин Қудсро пойтахти абдии Фаластин хонд ва таъкид кард: Иқдоми зиддиинсонии Амрико дар тазоди комил бо қавоиди байналмилалӣ аст ва эҳсосоти мусулмонони ҷаҳонро ҷариҳадор кардааст.

Гузоришҳо ҳокӣ аст, маросими Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Русия, илова бар пойтахти ин кишвар, дар Тотористон, Бошқирдистон, Чеченистон, Ингушистон, Осетия ва Санкт-Петербург низ баргузор шуд.