Июн 11, 2018 12:37 Asia/Dushanbe
  • Дидори раҳбари Кореяи Шимолӣ бо нахуствазири Сингапур

Раҳбари Кореяи Шимолӣ, ки барои дидор бо раисиҷумҳури Амрико ба Сингапур сафар кардааст, як рӯз пеш аз дидор бо Доналд Трамп, бо нахуствазири Сингапур, дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Ким Чен-Ун дар дидор бо Ли Сянлун, нахуствазири Сингапур, аз талошҳои ин кишвар барои баргузории нишаст бо Трамп, қадрдонӣ кард.

Раҳбари Кореяи Шимолӣ ибрози умедоворӣ кард, нишасти ӯ бо раисиҷумҳури Амрико барои сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон, самарбахш бошад.

Нахуствазири Сингапур низ дар ин дидор аз иқдомот ва тасмими раҳбари Кореяи Шимолӣ барои ҳалли муноқиша дар шибҳи ҷазираи Корея қадрдонӣ кард.

Ли Сянлун ҳамчунин умедворӣ кард, нишасти сарони Кореяи Шимолӣ ва Амрико ба дӯрнмои сулҳу субот дар шибҳи ҷазираи Корея ва саросари минтақа, мунҷар шавад.

Нишасти раҳбари Кореяи Шимолӣ ва раисиҷумҳури Амрика қарор аст, фардо (сешанбе) дар Сингапур баргузор шавад.

 

Барчасп