Июн 11, 2018 13:42 Asia/Dushanbe
  • Роналдо барои мусобиқоти Русия муҳофизи вижа истихдом кард

Қаҳрамони собиқи ҳунарҳои размии таркибии Португалия ба унвони муҳофиз (нигаҳбон)-и Кристиано Роналдо дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии Русия, баргузида шуд.  

Ба гузориши “Ал Олам”, ситораи футболи ҷаҳон ҳамонанди Лигаи қаҳрамонони Аврупо барои худ муҳофизи вижа истихдом (касеро барои хидмат хостан) кард.

Мутобиқи эъломи расонаҳои Португалия, Nuno Maricas, қаҳрамони собиқи ҳунарҳои размии таркибии ин кишвар, се ҳафта қабл низ муҳофизи голзан тамомнашуданӣ дар дидор баробари Ливерпур буд.

Яке аз наздикони ин бозикуни португалиёӣ дар ин маврид изҳор дошт, муҳофизи  Роналдо, ба тамоми умури лозим барои муроқибат ва муҳофизат аз вай, ошно аст ва таҷрибаи кофӣ дорад, зимнан ӯ ба хубӣ медонад ба чӣ наҳв бояд аз Роналдо ба ҳангоми баргузории ҷом, муҳофизат кунад.

 

Барчасп