Фаронса қаҳрамони Ҷоми Ҷаҳонии 2018-и Русия шуд
Июл 16, 2018 09:34 Asia/Dushanbe
Тими миллии футболи Фаронса бо пирӯзӣ баробари Хорватия қаҳрамони Ҷоми Ҷаҳонии Русия шуд.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, тимҳои миллии футболи Фаронса ва Хорватия рӯзи якшанбе аз соати 19:30 ба вақти Теҳрон дар дидори финали Ҷоми Ҷаҳонӣ - 2018 – и Русия дар варзишгоҳи “Лужники”-и Маскав ба масофи ҳам рафтанд, ки ин дидор бо натиҷаи пурголи 4 бар 2 ба нафъи Фаронса поён ёфт.
Ин дувумин қаҳрамонии Фаронса дар Ҷоми Ҷаҳонӣ буд.
Фаронса дар соли 1998 низ ҷомро аз они худ карда буд.
Рӯзи шанбе низ тими миллии футболи Белгия бо бартарии 2 бар сифр баробари Англия, унвони севуми бистуякумин давраи рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳониро аз они худ карда буд.
Барчасп