Феврал 27, 2021 14:42 Asia/Dushanbe
  • Каламард аз давлати Байден хост то итминон ёбад тамоми ҷузъиёти ҷиноят ба таври комил ифшо шавад
    Каламард аз давлати Байден хост то итминон ёбад тамоми ҷузъиёти ҷиноят ба таври комил ифшо шавад

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба гузориши Дафтари мудири иттилооти миллии Амрико дар бораи нақши Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саӯдӣ дар қатли Хошуқҷӣ таҳрими ин мақоми Саӯдиро хостор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Агнес Калламард(Agnès Callamard), гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ дар баёнияе аз Кохи Сафед хост то на танҳо амволи бин Салмон, балки таъомулоти байналмилалии ӯро низ ҳадафи таҳрим қарор диҳад.

Вай дар идома афзуд, тарди онҳое, ки дастури қатли Хошуқҷиро содир карданд аз саҳнаи байналмилали гоме муҳим дар иҷроӣ адолат аст ва ба онҳое, ки қасди иртикоби ҷиноятҳои мушобеҳеро дар сар доранд, паёме қавӣ ирсол мекунад.

Агнес Каламард ҳамчунин аз давлати Ҷо Байден хост то итминон ҳосил кунад, ки тамоми ҷузъиёти ҷинояти сӯрат гирифта ба таври комил ифшо шавад.

Дафтари мудири иттилооти миллии Амрикои рӯзи ҷумъа гузориши ғайримаҳрамонаеро аз қатли ин рӯзноманигори мунтақиди ҳуккоми феълии Саӯдӣ мунташир кард, ки дар он омадааст: “мо арзёбӣ мекунем, ки Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саӯдӣ, амалиётеро дар Истанбули Туркия барои дастгирӣ ё куштани Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори саӯдӣ тайид кардааст”.

Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мухолифи Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ дувуми октябри 2018 пас аз муроҷиа ба консулгарии Арабистон дар Истанбули Туркия дар дохили ин консулгарӣ ба қатл расид.

Давлати Арабистони 18 рӯз дар бораи вуқуъи ин қатл сукӯт ва инкор кард, то ин ки гузоришҳои давлати Туркия ва Ожонси иттилооти марказии Амрико тайид карданд, ки қатли Хошуқҷӣ ба дастури мустақими Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ будааст.

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп