Июн 12, 2018 10:36 Asia/Dushanbe
  • Баргузории дидори сарони Амрико ва Кореяи Шимолӣ ҳамроҳ бо ҳайатҳои дипломатӣ

Пас аз нишасти дуҷониба ва хусусии сарони Амрико ва Кореяи Шимолӣ дидори ду тараф ҳамроҳ бо ҳайатҳои дипломатӣ бо хориҷ шудани хабарнигорон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, Доналд Трамп ва Ким Ҷун Ун пас аз нишасти аввалия, ки ба муддати 41 дақиқа ва пушти дарҳои баста баргузор шуд, баробари дурбинҳои хабарнигорон зоҳир шуданд. Трамп дар посух ба хабарнигорон ибрози умедворӣ кард, тарафайн бо ҳамкории якдигар ба масоили мавриди назар мепардозанд ва Ким ҳам гуфт, расидан ба ин марҳала кори осоне набуд.

Дар нишасти сарони Кореяи Шимолӣ ва Амрико ҳамроҳ бо ҳайатҳои дипломатии ду кишвар Майк Пампео, вазир хориҷӣ, Ҷон Колли, раиси коркунони Кохи Сафед ва Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико Доналд Трампро ҳамроҳӣ мекунанд ва Ким Ёнг Чол, муовини раҳбар, Рай Ёнг-Ҳо, вазири умури хориҷӣ ва Рай Су Ёнг, вазири хориҷии собиқи Кореяи Шимолӣ низ дар канории Ким Ҷун Ун ҳастанд.

Трамп ва Ун аввалин дидори сарони Амрико ва Кореяи Шимолиро дар таърих пас аз моҳҳо ҷанги лафзӣ ва табодули алфозу лақабҳои тавҳиномез баргузор мекунанд. Амрико ва Кореяи Шимолӣ дар 65 соли гузашта душманони сарсахти якдигар маҳсуб мешуданд. Ин нишаст дар ҳоле баргузор шуд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дорои шахсияти ғайри қобили пешбинӣ аст ва дар як соли гузашта ин кишвар аз тавофуқоти байналмилалӣ ба сурати якҷониба ва хилофи назари созмонҳои байналмилалӣ хориҷ шудааст.

 

Барчасп