Июн 12, 2018 16:02 Asia/Dushanbe

Шуморе аз қудратмандтарин ва бо нуфузтарин шахсиятҳои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва расонаии ғарб нишасте сиррӣ дар Италия баргузор карданд.  

Аз ин нишасти серӯза, ки бо ҳузури 130 шахсияти бонуфузи ғарбӣ пушти дарҳои баста ва дар қолаби шасту чаҳорумин Иҷлоси гурӯҳи мавсум ба Билдерберг дар шаҳри Торинои Италия баргузор шуд, ҳеҷгуна иттилооте ба берун дарз накардааст.  

Билдерберг намояндаи як дарсади қудратмандони иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳон аст ва ин созмони мармуз ҳар сол нишасти худро дар яке аз шаҳрҳои мухталифи ҷаҳон баргузор мекунад.