Русия: Ба таҳримҳои Амрико посух медиҳем
https://parstoday.ir/tg/news/world-i35528-Русия_Ба_таҳримҳои_Амрико_посух_медиҳем
Муовини вазири хориҷаи Русия гуфт, Маскав таҳримҳои ахири Амрикоро талофӣ мекунад.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 12, 2018 15:51 Asia/Dushanbe
  • Русия: Ба таҳримҳои Амрико посух медиҳем

Муовини вазири хориҷаи Русия гуфт, Маскав таҳримҳои ахири Амрикоро талофӣ мекунад.  

Сергей Рябков гуфт: Маскав бетардид таҳримҳои ахири Вашингтонро бидуни посух намегузорад.

Рябков таъкид кард, Русия, амрикоиҳоро ҳадафи таҳримҳои худ қарор медиҳад, ки дар сиёсатҳои зиддирусӣ, бисёр таҳоҷумӣ ҳастанд ва ошкоро дар баробари оддӣ шудани равобити ду кишвар истодагӣ мекунанд.