Нишасти G20 дар Чин
Иҷлоси сарони G20 ё Гурӯҳи 20 кишвари саноатӣ ва навзуҳури иқтисодии мавсум ба G20, имрӯз якшанбе дар Ханчжоу, дар устони Чжэсзян воқеъ дар шарқи Чин баргузор мешавад.
Дар ин иҷлоси дӯруза қарор аст, дар бораи масоили мухталифи иқтисодӣ, аз муқобила бо пулшуӣ, эҷоди назми молии ҷаҳонӣ ва терроризми молӣ гуфтугӯ шавад.
Гурӯҳи G20 авохири даҳаи 1990 милодӣ ва пазириши ин масъала аз сӯи қудратҳои бузурги иқтисодие, ки иқтисодҳои дар ҳоли зуҳур ба наҳви муносибе дар мубоҳисоти марбут ба иқтисоди ҷаҳонӣ мушорикат дода нашудаанд, ташкил шуд.
Ин гурӯҳ иҷлосе аст ғайрирасмӣ, ки гуфтугӯи озод ва созанда миёни кишварҳои саноатӣ ва иқтисодҳои дар ҳоли зуҳурро дар бораи мавзӯоти муртабит бо суботи иқтисоди ҷаҳонӣ, созмондеҳӣ мекунад ва ҳадафи он мушорикати кишварҳои узв дар тақвияти сохтори бозорҳои молии байналмилалӣ ва фароҳам овардани заминаи гуфтугӯ дар бораи сиёсати молии миллӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва муассисоти молии байналмилалӣ эълом шудааст.
Гурӯҳи G20 дар бораи масоили муҳимме ҳамчун сиёсатҳои тавсеаӣ, коҳиши мавориди нақзи низоми молӣ, наҳваи бархӯрд бо буҳрони молӣ ва мубориза бо терроризми молӣ ба пешрафтҳои муҳимме даст пайдо кардааст. Аммо сояи ихтилофоти Амрико бо Чин ва талоши Вашингтон барои баҳрабардорӣ аз ин иҷлос, ҷиҳати пешбурди аҳдоф ва барномаҳои сиёсӣ ва амнтиаш бар иҷлоси Гурӯҳи G20 ҳамвора соя афкандааст.
Амрико дар бахшҳои иқтисодӣ хоҳони мушорикати кишварҳое ҳамчун Чин ва Ҳинд дар масоили иқтисоди ҷаҳонӣ аст, аммо ин кишварҳо низ бар таърифи ҷойгоҳи худ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва таваҷҷӯҳи Амрико ба мавқеияти кишварҳои навзуҳури иқтисодӣ дар ин арса, таъкид доранд. Ба ҳамин далел талошҳои Амрико барои тарғиби Чин ба ифои нақши бештар дар иқтисоди ҷаҳонӣ токунун натиҷаи матлуби Вашингтонро дар бар надоштааст.
Масоили муҳимме ҳамчун, мубориза бо пулшуӣ ва масдуд кардани манобеи молии терроризм аз аҳдофи муҳимми Гурӯҳи G20 аст. Кишварҳои навзуҳури иқтисодӣ дар ин гурӯҳ интизор доранд, кишварҳои саноатӣ бо иттихози созукорҳои лозим дар ҷиҳати муқобила бо ин ду падидаи шум пеш қадам шаванд. Зеро бар акс пӯшида нест, ки масоили террористӣ комилан бо рафтор ва амалкарди созмонҳои иттилоотии қудратҳои бузург, ба хусус Амрико иртибот дорад ва барои аз байн бурдани терроризм бояд бо решаҳои молии онҳо ба таври ҷиддӣ муқобила шавад.
Пулшуӣ дар бахши қочоқи маводи мухаддир, инсон ва соири маворид низ имрӯза аз муъзалоти иқтисоди ҷаҳонӣ аст, ки барои муваффақият дар муқобила бо онҳо ҳамкории ҷиддӣ дар қолаби ниҳодҳои молии байналамилалӣ аз ҷумла Гурӯҳи G20 зарурӣ аст. Машрут бар он, ки ин иҷлос бо тарфандҳо ва талошҳои Амрико аз аҳдофи худ дур нашуд.
Ба назар мерасад ҳошияҳои иҷлоси Гурӯҳ G20 бештар мавриди таваҷҷӯҳи сарони ширкаткунанда дар ин иҷлос дар Чин аст. Дидор раисони ҷумҳурии Туркия ва Русия пас аз як давраи нисбатан тулонӣ аз таниш дар равобити ду кишварро метавон муҳиммтарин дидори ҳошияии иҷлоси Гурӯҳи G20 донист.
Нишастҳои Гурӯҳи G20 ғолибан таҳти таъсири масоили ҳошияӣ ва масоили мавриди назари Амрико қарор доштааст. Ба назар мерасад мавзӯи ихтилофоти кишварҳои ҳавзаи Иттиҳоди кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё бо Чин дар дарёи Чини ҷанубӣ ва ҳамчунин Ҷопон бо Чин дар дарёи Чини шарқӣ, муҳиммтарин мавзуоте бошад, ки Амрико бо тарҳи он дар иҷлоси сарони Гурӯҳи G20 талош хоҳад кард, то давлати Пекинро ҳар чӣ бештар таҳти фишорҳои байналамилалӣ қарор диҳад.
Изҳороти Барак Обама-раисиҷумҳури Амрико ҳамзамон бо вуруд ба Чин дар ин хусус ва ҳушдор ба давлати ин кишвар барои ончи иқдомоти ғайри созанда дар дарёи Чини ҷанубӣ эълом кард, дар ҳамин росто қобили таваҷҷӯҳ ва тааммул аст.
Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ низ аз фурсати баргузории иҷлоси G20 барои тарҳи мавзӯи озмоишҳои мушакӣ ва ҳастаии Кореяи Шимолӣ ва эҷоди иҷмои ҷаҳонӣ зидди ин кишвар истифода хоҳанд кард.