Раҳбари Кореяи шимолӣ Трампро ба Пиюнг Ёнг даъват кард
(last modified Wed, 13 Jun 2018 07:31:55 GMT )
Июн 13, 2018 12:31 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Кореяи шимолӣ Трампро ба Пиюнг Ёнг даъват кард

Хабаргузории расмии Кореяи шимолӣ бомдоди чаҳоршанбе эълом кард Ким Чен Ун раҳбари ин кишвар дар ҷараёни нишасти Сингапур аз Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико барои сафар ба Пиюнг Ёнг даъват кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раҳбари Кореяи шимолӣ ҳамчунин бо даъвати Трамп барои дидор аз Амрико мувофиқат кард.

Доналд Трамп ва Ким Чен Ун рӯзи сешанбе барои нахустин бор дар Сингапур бо якдигар дидор карданд.

Дидори таърихии ду душмани дерина бо имзои тавофуқномае ҳамроҳ буд, ки тайи он Амрико ба ироаи "тазминҳои амниятӣ" ба Кореяи шимолӣ мутаъаҳид шудааст.

Бар асоси ин тавофуқнома, Трамп ва Ким Чен Ун мутаъаҳҳид ба эҷоди як робитаи нав мутобиқ бо хостаи мардуми ду кишвар дар ҷиҳати сулҳу рифоҳ шуданд.

Ин нишаст дар ҳоле баргузор шуд, ки Трамп дорои шахсияте ғайри қобили пешбинӣ аст.

Коршиносон бар ин боваранд Трамп ба иллати мушкилоти мутаъаддиде, ки дар арсаи дохилии Амрико ва байналмиллалӣ бо он ру ба ру аст талош дорад, то аз мулоқот бо раҳбари Кореяи шимолӣ дар Сингапур ба унвони абзоре таблиғотӣ барои мунҳариф кардани афкори умумӣ аз ин мушкилот истифода кунад.