Вазъи нигаронкунандаи занон дар муҳитҳои илмии Амрико
(last modified Wed, 13 Jun 2018 09:35:21 GMT )
Июн 13, 2018 14:35 Asia/Dushanbe
  • Вазъи нигаронкунандаи занон дар муҳитҳои илмии Амрико

Натиҷаҳои тозатарин мутолиаҳо нишон медиҳад ниме аз занони дорои шуғл дар бахшҳои улум ва фанноварии Амрико дар маърази озори ҷинсӣ қарор мегиранд.

Ба нақл аз рӯзномаи Вашингтонпост, баррасиҳо нишон медиҳад озори ҷинчии занон дар толорҳои суханронии илмӣ, озмоишгоҳҳо, дафтарҳо ва марказҳои илмӣ, марокизи омӯзишӣ ва бемористонҳои Амрико реша давонидааст.

Бар асоси ин гузориш ин мушкил пажуҳишгарони занро аз назари эҳсосӣ ва иқтисодӣ ва низ мушорикат дар фаолиятҳои илмӣ дучори мушкил кардааст.

Ин гузориши 300 саҳифаӣ бар асоси таҳқиқоти чандсола ва мусоҳиба бо садҳо зан, ки дар муҳитҳои илмӣ мавриди озору азият ҷинсӣ қарор гирифтаанд рӯзи сешанбе интишор ёфта ва Кевин Савартут, пажуҳишгари донишгоҳи Ҷорҷия бахше аз натиҷаҳои онро гирдоварӣ кардааст.

Бар асоси натиҷаҳои ин гузориш 20 то 50 дарсади донишҷуёни зан дар бахшҳои илмӣ, фанни-муҳандисӣ ё пизишкӣ ва дорусозии донишгоҳҳои Техас ва Пенсилвания гуфтаанд озори ҷинсиро таҷриба кардаанд.

Тибқи ин пажуҳиш занони рангинпуст бештар аз ҳамтоёни сафедпусти худ дар маърази озори ҷинсӣ қарор доранд ва бештар аз дигарон таъкид кардаанд ба далели ҷинсият ва нажоди худ эҳсоси ноамнӣ мекунанд.

Дар ин гузориш таъкид шудааст низоми сахтгиронаи силсила маротиб дар муҳитҳои илмӣ муҷиб шудааст ашхоси озордида аз тарси иқдоми талофиҷӯёна ба нудрат таҷрибаи худро гузориш кунанд ва ашхоси хатокор таҳти пайгард қарор нагиранд.

Барчасп