Июн 16, 2018 18:44 Asia/Dushanbe
  • Вазири амнияти миллии Туркманистон барканор шуд

Раисиҷумҳури Туркманистон тайи ҳукме, вазири амнияти миллии ин кишварро аз симмати худ барканор кард.

Ба гузориши Форс, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии ин кишвар теъдоде аз мақомоти олирутбаи амниятӣ, дифоӣ ва марзбонии ин кишварро барканор ва иддаеҳои аз онҳоро ба симмати дигаре, мансуб кард.

Бар асос ин гузориш, ердимуҳаммадов дар ҳукме Давронкелдӣ Байрамов, вазири амнияти миллии ин кишварро барканор ва «Яйлим Бердиев, ки қаблан раёсати вазорати дифои ин кишварро бар ӯҳда дошт ба ин симмат таъйин кард.

Далели барканории Байрамов аз мақоми вазири амнияти Туркманистон «нуқсҳои ҷиддӣ дар ҷараёни кор» унвон шуд.

Вай ҳамчунин аз рутбаи полковник ва майор таназзул кард.

Ин ҳукм дар ҳоле аз тарафи раисиҷумҳури Туркманистон содир шуд, ки вай, ки дар таърихи 30 майи соли ҷории милодӣ ба вазири амнияти миллии Туркманистон ба далели кӯтоҳӣ аз вазоифи худ, ихтор дода буд.