Тамошогари хунсарди узбакистонӣ - Сюжети расонаҳои эронӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i35704-Тамошогари_хунсарди_узбакистонӣ_Сюжети_расонаҳои_эронӣ
Ҷавони узбакистонӣ тамошогари дидори тимҳои футболи Эрон ва Марокаш дар варзишгоҳи шаҳри Сакнт Петербурги Русия бо хунсардии ҷолибаш, сюжети расонаҳои эронӣ шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 16, 2018 20:00 Asia/Dushanbe

Ҷавони узбакистонӣ тамошогари дидори тимҳои футболи Эрон ва Марокаш дар варзишгоҳи шаҳри Сакнт Петербурги Русия бо хунсардии ҷолибаш, сюжети расонаҳои эронӣ шуд.

Ин тамошогар ҳангоми зарбаи озоди Эрон рӯйи дарвозаи Марокаш, ки гол ба худии бозикуни Марокаш ва бурди Эронро ба думбол дошт, дар ҳоли филмгирифтан аз худ бо пасзаминаи замини бозӣ ва дарвозаи Марокаш буд, ки ба таври иттифоқӣ голи пирӯзии бахши Эронро бо дӯрбини телефони ҳамроҳ худ сабт кард.

Аммо нуктаи ҷолиб дар бораи ин тамошгари узбакистонӣ он буд, ки ӯ ҳатто бо вуҷуди фарёди шодии ногаҳонии тамошогарони эронӣ пас аз ба самар расидани голи Эрон ҳам ба самти замини бозӣ барангашт, то филмаш хароб нашавад!