Хурӯҷи ниме аз сармояи 96 миллиард долларии Русия аз Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i35708-Хурӯҷи_ниме_аз_сармояи_96_миллиард_долларии_Русия_аз_Амрико
Русия 47.5 миллиард доллар аз сармояи 96 миллиард долларии худро аз Амрико, хориҷ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 16, 2018 16:24 Asia/Dushanbe
  • Хурӯҷи ниме аз сармояи 96 миллиард долларии Русия аз Амрико

Русия 47.5 миллиард доллар аз сармояи 96 миллиард долларии худро аз Амрико, хориҷ кард.

Шабакаи телевизионии “RBCA”, рӯзи шанбе эълом кард, рақами сармоягузории Русия дар авроқи баҳодори амрикоӣ дар моҳи март, 96,1 миллиард доллар эълом шуда буд.

Бар асоси охирин гузориши Созмони хазонадории Амрико, Русия 47.5 миллиард доллар аз ин авроқи баҳодори амрикоиро фурӯхтааст.

Бар асоси ин гузориш, шохиси сармоягузории Русия дар авроқи баҳодори Амрико ба поинтарин сатҳ дар 10 соли ахир расидааст.

Гуфта мешавад, арзиши сармояи хориҷии Русия дар Амрико ба беш аз 400 миллиард доллар мерасад.

Ҷон Хантсман, сафири Амрико дар Маскав пештар аз эҳтимоли блока шудани дороиҳои Русия дар кишвараш ба унвони гоми баъдии Вашингтон дар муқобила бо Маскав хабар дода буд.

Мақомҳои Русия ҳам дар бораи тавқифи сармояи ин кишвар дар Амрико ҳушдор додаанд.

Семён Багдасаров, мудири Маркази мутолиаи кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Миёна гуфт, Вашингтон дар зери по гузоштани қавонини худ васвос надорад.