Июн 16, 2018 21:20 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Карзай бар хиёнати Амрико ба мардуми Афғонистон ва минтақа

Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон гуфт, Амрико ба мардуми Афғонистон ва минтақа, хиёнат кардааст.

Ҳомид Карзай афзуд, стратегияи имрӯзи давлатмардони амрикоӣ натанҳо дар Афғонистон, балки дар минтақаи Ховари Миёна, стратегияи ҷанг аст ва идомаи ин раванд, сулҳро аз минтақа дӯр мекунад.

Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон бо баёни ин ки набояд ба амрикоиҳо эътимод кард, афзуд, мардумсолорӣ, озодӣ ва амнияти мардуми Афғонистон ва минтақа танҳо шиоре беш нест ва амрикоиҳо эътиқоде ба онҳо надоранд.

Карзай тасреҳ кард, амрикоиҳо ба ҷойи муқобила бо терроризм ва кишварҳои ҳомии терроризм, мардуми Афғонистонро, ки худ қурбонии терроризм ҳастанд, бомбаборон мекунанд ва ҳузури низомии амрикоиҳо дар Афғонистон, ин кишварро беш аз гузашта ноамн кардааст.

Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон бо ишора ба фишорҳои Амрико барои мумониат аз густараши равобити Эрон ва Афғонистон гуфт, дар даврони раёсатҷумҳурии вай, амрикоиҳо ба шакли ошкор аз вай мехостанд, ки равобити Афғонистонро бо Эрон қатъ кунад.

Карзай нақши Эронро дар пешрафт ва сулҳи Афғонистон ҳоизи аҳамият хонд ва афзуд, агар рафторҳои мантиқӣ ва воқеъбинонаи Эрон набуд, шароити Афғонистон бадтар аз ин мешуд.

 

Барчасп