Июн 23, 2018 18:16 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти мардуми Амрико алайҳи сиёсатҳои Трамп

Мухолифони сиёсатҳои раисиҷумҳури Амрико дар заминаи муҳоҷират, дар Вашингтон пойтахти ин кишвар тазоҳурот карданд.

Хабаргузории Райтерз гузориш дод, мардуми Вашингтон рӯзи шанбе дар эътироз ба сиёсатҳои зидди муҳоҷиратии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар муқобили бинои вазорати амнияти дохилии ин кишвар тазоҳурот карданд.

Тазоҳуркунандагон бо дар даст доштани навиштаҳое эътирозомез, мухолифати худро бо сиёсатҳои муҳоҷиратии давлати Трамп эълом карданд, ки бар асоси он модарони муҳоҷир аз фарзандонашон ҷудо мешаванд.

Мазмуни куллияи дастнавиштаҳо, дар тазоҳуроти Вашингтон таъкид бар муттаҳид мондани хонаводҳо ва ҷилавгирӣ аз ҷудоии аъзои онҳо буд.

Рафтори ғайри инсонии давлати Амрико бо муҳоҷирон, бавижа бо кӯдакони онон бо интиқоди густурда дар саросари ҷаҳон мувоҷиҳ шудааст.

 

Барчасп