Оғози интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва парлумонии зудҳангом дар Туркия
(last modified Sun, 24 Jun 2018 07:05:04 GMT )
Июн 24, 2018 12:05 Asia/Dushanbe
  • Оғози интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва парлумонии зудҳангом дар Туркия

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва парлумонии зудҳангом субҳи имрӯз (якшанбе) дар Туркия оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, беш аз 56 миллион раъйдиҳандаи туркияӣ интихоботи Туркияро дар 81 устон оғоз карданд, ки тайи он шаш номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва номзадҳои 600 курсии парлумонии ин кишвар бо ҳам ба рақобат мепардозанд.

Муҳаррам Инҷа рақиби сарсахти сотсиалдемократи Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси ҷумҳурии кунунии Туркия аст.

Саъдӣ Гувен раиси шӯрои олии интихоботи Туркия гуфтааст, натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва парлумонии Туркия то пеш аз нимашаби имрӯз эълом мешавад.