Интиқоди Афғонистон аз таҳримҳои Амрико зидди Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36082-Интиқоди_Афғонистон_аз_таҳримҳои_Амрико_зидди_Эрон
Муовини сухангуи Вазорати хориҷаи Афғонистон дар вокуниш ба таҳримҳои Амрико зидди ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Эрон бузургтарин шарики тиҷории давлати Кобул аст, бинобарин таҳримҳои Амрико набояд шомили Афғонистон шавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 24, 2018 12:21 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Афғонистон аз таҳримҳои Амрико зидди Эрон

Муовини сухангуи Вазорати хориҷаи Афғонистон дар вокуниш ба таҳримҳои Амрико зидди ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Эрон бузургтарин шарики тиҷории давлати Кобул аст, бинобарин таҳримҳои Амрико набояд шомили Афғонистон шавад.

Сабғатуллоҳ Аҳмадӣ, муовини сухангуи Вазорати хориҷаи Афғонистон, тиҷорат бо Эрон ва истифода аз бандари Чобҳор дар ҷануби Эронро барои кишвараш ҳаётӣ эълом кард ва лағви таҳримҳои Амрико дар равобит бо ҷумҳурии исломии Эронро хостор шуд.

Вай аз Амрико хост, ки равобити тиҷории Афғонистон бо Эрон бавижа бандари Чобҳор шомили таҳримҳои Вашингтон нашавад.