Июн 26, 2018 09:50 Asia/Dushanbe
  • Озмоиши силоҳи ҷадиди амрикоӣ дар Афғонистон

Манобеи хабарии афғон аз озмоиши силоҳи ҷадиди нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, рӯзномаи ғайридавлатии «Висо», чопи Кобул навишт, низомиёни амрикоӣ силоҳи ҷадидеро дар Афғонистон озмоиш карданд, ки тири шилликшуда аз ин силоҳ афроди мавриди ҳадафро намекушад, аммо пас аз исобати тир ба бадани инсон навъе газ пахш мешавад, ки беҳушии афродро дар пай дорад. Ба навиштаи ин рӯзнома, аз тири ин силоҳи ҷадид гази кимиёие паҳн мешавад, ки ба ақидаи коршиносони умури дармонӣ, он метавонад сабаби бурузи бемории саратон ва дигар бемориҳои хатарнок шавад.

Рӯзномаи “Висо” бо ишора ба паймони амниятии Афғонистону Амрико навишт, мутаассифона, паймони амниятӣ бо Амрико барои мардуми Афғонистон на танҳо дарвозаҳои ҷадиди ҷанг ва маргро боз кард, балки ин кишварро ба майдони озмоиши силоҳҳои ишғолгарони хориҷӣ дар Афғонистон табдил кард. Ба навиштаи ин рӯзнома, соли гузашта, пас аз истифода аз «модари бомбҳо» дар ноҳияи Ачини вилояти Нангарҳор Майк Пенс, муовини раисҷумҳури Амрико дар як мусоҳиба гуфт, бо озмоиши ин бомб Амрико паёми худро ба Кореяи Шимолӣ расондааст.

Артиши Амрико моҳи апрели соли 2017 барои нахустин бор бузургтарин бомби ғайриатомии худро дар наздикии шаҳри Ачини вилояти нангарҳори Афғонистон озмоиш кард, ки бар асари он даҳҳо нафар кушта шуданд. Ин бомб, ки ба он «модари тамоми бомбҳо» лақаб додаанд, ҳовии 11 тонна TNT буд.

Ҳузури низомии Амрико аз соли 2001 дар Афғонистон ба баҳонаи мубориза бо терроризм ҳамроҳи соири кишварҳои узви НАТО то кунун ҳеҷ дастоварде ҷуз куштори ҳазорон ғайринизомӣ ва тахриби зерсохтҳои Афғонистон надошта ва ноамниҳо рӯз ба рӯз дар ин кишвар афзоиш ёфтааст. Беш аз 16 ҳазор низомии амрикоӣ дар Афғонистон ҳузур дорад.

 

Барчасп