Июн 27, 2018 12:03 Asia/Dushanbe
  • Қатъи буҷаи Дафтари мубориза бо терроризми Созмони Миллал аз сӯи Амрико

Давлати Амрико буҷаи ду миллион доллариро, ки барои Дафтари муубориза бо терроризми Созмони Миллали Муттаҳид таъаҳуд карда буд, имрӯз чаҳоршанбе қатъ кард.

Ба нақл аз хабаргузории Рейтер, мақомоти амрикоӣ ҳамчунин дар эътироз ба ҳузури Владимир Воронков раиси русии ин дафтар, ширкати аъзои ҳайъатҳои худро дар конфронси мубориза бо терроризми Созмони Миллали Муттаҳид коҳиш доданд.

Ҷойгоҳи Амрико дар Дафтари мубориза бо терроризми Созмони Миллал, ки як сол аз ташкили он мегузарад яке дигар аз муноқишаҳои Доналд Трамп дар хусуси иҷрои тағйир дар Созмони Миллал аст.

Давлати Амрико дар рӯзҳои ахир ҳамчунин дар ҷонибдорӣ аз режими саҳюнистӣ дар баробари эътирозҳои Шурои ҳуқуқи башари Созмони Миллал алайҳи ин режим, аз ин шуро хориҷ шуд.

Конфронси Дафтари мубориза бо терроризми Созмони Миллал имрӯз чаҳоршанбе дар Ню-Йорк баргузор мешавад.

Ҳудуди 120 кишвар ҳамроҳ бо 100 гуруҳи ҷомеъаи маданӣ дар ин конфронс ширкат мекунанд.

Барчасп