Тасвиби ниҳоии мамнуъияти ҳиҷоби комил дар Ҳоланд
Маҷлиси улиё(воло)-и Ҳоланд дар иқдоме исломҳаросона, мамнуъияти истифода аз ҳиҷоби комили чеҳраро дар маконҳои умумии ин кишвар тасвиб кард.
Ба нақл аз хабаргузории Спутник, маҷлиси улиои Ҳоланд мусаввабаи соли 2016 Маҷлиси суфлои ин кишварро дар мамнуъияти ҳиҷоби комили чеҳра дар маконҳои умумӣ, тасвиби ниҳоӣ кард.
Вазири кишвари Ҳоланд ин лоиҳаро матраҳ карда буд ва нахуствазири ин кишвар ҳамон замон иддао кард, ки ин лоиҳа сирфан бо ҳадафи болобарии сатҳи тадбирҳои амниятӣ ироа шудааст.
Тасвиби лоиҳаи мамнуъияти ҳиҷоби комили чеҳра дар Ҳоланд, нигарониҳоро дар хусуси ҳадаф қарор гирифтани ақаллияти мусалмон дар ин кишвар афзоиш додааст.
Бисёре аз кишварҳои аврупоӣ дар солҳои ахир қавонине барои маҳдудкардани пушиши ҳиҷоби исломӣ дар маконҳои умумӣ иҷро кардаанд ва кишварҳои Австрия, Фаронса ва Белгия низ қавонини мушобеҳи ин доранд.