Июн 29, 2018 17:36 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди дабири Шӯрои амнияти Русия аз якҷонбагароии Амрико

Дабири Шӯрои амнияти Русия аз рӯйкарди якҷонбагароёнаи Амрико барои ба заъф кашондани қонунҳои байналмилалӣ ва халалдор кардани тавофуқҳои байналмилалӣ интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Николай Патрушев зимни интиқод аз иқдомоти якҷонбагароёнаи Амрико дар нишасти намояндагони амниятии гурӯҳи БРИКС гуфт: Қадамҳои якҷониба бо ҳадафи эҷоди халал дар тавофуқоти бузурги байналмилалӣ, аз ҷумла Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (тавофуқи ҳастаӣ) ва усули тавофуқоти марбут ба Ховари Миёна ба маънои талоши Вашингтон барои заиф кардани қонунҳои байналмилалӣ аст.

Патрушев афзуд: Аъзои гурӯҳи БРИКС бояд барои чолишҳои ҷиддии даврони ҷадид аз ҷумла танишҳо, тақвияти омили зӯр ва фарсоиши қонунҳои байналмилалӣ ва ғафлат аз сохторҳои чандҷониба, ҳамчун Созмони милали муттаҳид, ки бо ҳадафи тазъифи тавофуқоти бузурги байналмилалӣ дунбол мешаванд, посухҳои муштарак тадвин кунанд.

Дабири Шӯрои амнияти Русия афзуд: Ғарб ба саркардагии Амрико зимни исрор бар инки гузор аз назми либерал ба маънои вуруд ба марҳалаи ҳарҷу марҷ аст, анвои равишҳои фишори иқтисодӣ, иттилоотӣ ва равониро барои ҷилавгирӣ аз ин гузор ба кор гирифтааст.

Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дар ростои сиёсати якҷонбагароии худ, то кунун бо нақзи чанд тавофуқи байналмилалӣ аз ҷумла тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, эътирози ҷомеаи ҷаҳониро барангехтааст.

Гурӯҳи БРИКС муташаккил аз Бразилия, Ҳинд, Русия, Чин ва Африқои Ҷанубӣ аст.

 

Барчасп