Радди иҷрои таҳримҳои якҷонбаи Амрико зидди Эрон аз сӯи Туркия
Вазири умури хориҷаи Туркия бори дигар дархости Амрикоро барои иҷрои таҳримҳои нафтӣ зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон рад кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Мавлуд Човушуғлу рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо шабакаи NTV бо интиқод аз таҳдиди мақомоти амрикоӣ ба таҳрими кишварҳое, ки бо Ҷумҳурии Исломии Эрон тиҷорати нафтӣ доранд, гуфт: Анқара ҳамкориҳои иқтисодии худро бо Теҳрон қатъ нахоҳад кард.
Ниҳат Зебекчи вазири иқтисоди Туркия низ ду рӯзи пеш гуфта буд, таҳримҳо ва дархостҳои мақомоти Амрико барои таваққуфи хариди нафт аз Эрон барои ҳеҷ кишваре ҳатмӣ нахоҳад буд.
Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико пас аз хуруҷи ин кишвар аз Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) аз кишварҳои тарафи муомила бо Эрон хостааст то моҳи ноябри 2018 хариди нафт аз ин кишварро мутаваққиф кунанд ва эълом карда, ҳеҷ истисное дар ин замина вуҷуд надорад.
Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико ҳаштуми майи 2018 бо такрори иттиҳомҳои беасос зидди Эрон, хуруҷи Вашингтон аз Барҷом ва бозгашти таҳримҳои ҳастаии Эронро тайи муддати се то шаш моҳи оянда эълом кард.