Июн 30, 2018 11:44 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Толибон бар музокира накардан бо давлати Афғонистон барои сулҳ

Сухангӯи Толибон бо радди тамоси аъзои ин гурӯҳ бо давлати Афғонистон эълом кард, назари ин гурӯҳ дар бораи музокироти сулҳ бо давлати Афғонистон ҳеҷ тағйире накардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Қорӣ Муҳаммадюсуф Аҳмадӣ рӯзи ҷумъа изҳороти Абдураззоқ Ачакзай, фармондеҳи полиси вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон дар бораи тамосҳои Толибон ва мақомотт афғон бо аъзои ин гурӯҳро такзиб кард.

Фармондеҳи полиси вилояти Қандаҳор ахиран гуфта буд, дар ду моҳи гузашта чаҳор бор бо аъзои гурӯҳи Толибон дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Қорӣ Муҳаммадюсуф Аҳмадӣ таъкид кард, Толибон ҳамчунон бар хуруҷи ҳама нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ба унвони аслитарин пешшарти худ барои пайвастан ба раванди сулҳ дар Афғонистон таъкид дорад.

Пештар Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон аз омодагии худ барои музокира бо Толибон барои дастёбӣ ба сулҳ дар Афғонистон хабар дода буд.

 

 

Барчасп