Июн 30, 2018 16:57 Asia/Dushanbe
  • Нигаронӣ аз нақзи ҳуқуқи башар дар Амрико

Созмони дидабони ҳуқуқи башар бо интиқод аз сиёсатҳои ахири давлати Амрико дар ҳавзаи ҳуқуқи башар таъкид кард, давлати Амрико дар ҳавзаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба масъалаи ҳуқуқи башар пушт кардааст.  

Агарчи дар корномаи Амрико адами риояти ҳуқуқи башар ва эҳтиром ба қавонини байналмилалӣ, мавзуе собиқадор аст, аммо бо рӯи кор омадани Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар январи 2017 ва ахзи тасмимоте чун мамнуияти сафари атбои бархе аз кишварҳои мусулмон ба Амрико, иҷрои сиёсатҳои сахтгиронаи зидди муҳоҷират, эъмоли ҷудосозии иҷбории кӯдакон аз волидайни фоқиди мадорики қонунии муҳоҷират ва саранҷом хуруҷ аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал, беш аз пеш бетаваҷҷуҳии мақомоти амрикоӣ ба мавзуи ҳуқуқи башарро ошкор кард.  

Сара Моргон, намояндаи Созмони дидабони ҳуқуқи башар дар Вашингтон мегӯяд: Дар даврони Трамп, шоҳиди тағйир ва таҳаввулоти чашмгире дар наҳваи бархурди Иёлоти Муттаҳида бо масъалаи ҳуқуқи башар дар дохил ва хориҷ аз кишвар ҳастем. Ба гунае, ки ҳеҷ кадом аз руасои ҷумҳури Амрико токунун, дар суханони худ дар робита бо ҳуқуқи башар, то ин ҳад беобрӯӣ накарда буданд.  

Стефан Лендман, таҳлилгар ва муаррихи машҳури амрикоӣ дар тавсифи корномаи ҳуқуқи башари Амрико мегӯяд: Ҳеҷ кишваре дар таърихи ҷаҳон ба андозаи Амрико ба мардум садама ворид накардааст. Амрико, демократияи хаёлӣ аст, ки танҳо номи демократияро ба ҳамроҳ дорад.

Дар буъди хориҷӣ низ Амрико ҳамвора бидуни таваҷҷуҳ ба арзишҳои ҷаҳонӣ ва қавоиди ҳуқуқи байналмилал, аҳдофи хориҷии худро дунбол карда ва барои расидан ба ин аҳдоф ба нақзи густарда ва ошкори ҳуқуқи башар дар дигар кишварҳо пардохтааст.

Дар тозатарин намунаҳо дар ин робита метавон ба хуруҷи ин кишвар аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал ишора кард.

Амрико аввалин кишваре аст, ки аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал хориҷ шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Амрико ҳамвора иддао кардаанд, ки ин кишвар ҳамвора ҷузъи бузургтарин ҳомиёни ҳуқуқи башар дар ҷаҳон аст.

Дар ин шароит ба назар мерасад, мавзуи ҳуқуқи башар барои амрикоиҳо сарфан монанди абзоре барои расидан ба аҳдофи мудохилаҷуёна ва таҷовузкоронаи худ дар ҷаҳон аст.

 

Барчасп