Июл 02, 2018 13:18 Asia/Dushanbe
  • Нишасти “Мунофиқин” дар Порис бо ҷамъият ва суханронони иҷораӣ

Гирдиҳамоии солонаи гурӯҳаки террористии “Мунофиқин” мисли ҳар сол бо ҷамъият ва суханронони иҷораӣ дар Порис баргузор шуд.

Гурӯҳаки террористии “Мунофиқин” барои ин ки нишон бидиҳад ҳамчунон ба унвони як гурӯҳи зиддиинқилоб ва мухолифи ҷумҳурии исломӣ вуҷуд дорад, ҳар сол ҳамоише бо даъват аз сиёсатмадорони собиқи аврупоӣ ва амрикоӣ ва ҷамъ кардани теъдоде аз одамҳои ниёзманд аз кишварҳои мухталиф, ҳамоишеро баргузор мекунад.

Рӯзномаи “Гардиян” дар гузорише дар ин замина навишт, ҳудуди ниме аз ширкаткунандагон дар ин таҷаммуъ шомили лаҳистониҳо, чехҳо, словакиҳо, олмониҳо ва суриҳое буданд, ки аз тариқи як таблиғи фейсбукӣ, ки ваъдаи сафар, ғизо ва таъмини маҳалли иқомат дар Порисро бар ивази 25 евро медод, дар ин таҷаммуъ ширкат карда буданд. Ҳамчунин садҳо тан аз паноҳҷӯёни сурӣ, ки дар Олмон ба сар мебаранд аз тариқи ин таблиғи фейсбукӣ ҷалб шуда ва дар ин таҷаммуъ ҳузур доштаанд. “Гардиян” навиштааст, тайи ин маросим бисёре аз ин ширкаткунандагон зери дарахтҳо чурт (ғанабашон бурдааст) мезаданд.

Нишастҳои солонаи гурӯҳаки террористии “Мунофиқин” дар Порис ва бархе дигар аз шаҳрҳои Аврупо ҳамвора бо ҳошияҳои зиёде ҳамроҳ будааст. Аслитарини ин ҳошияҳо низ марбут ба ҷамъият ва суханронони иҷораӣ будааст. Ҳамаи ин суханронон аз чеҳраҳои эронситез ва зидди мардуми Эрон буда ва ҳастанд, ки ба дурӯғ дар ин суханрониҳо худро мудофеи мардуми Эрон муаррифӣ мекунанд.

Хабаргузории “Асошейтед Пресс” дар соли 2015 дар гузорише аз баргузории маросими ин гурӯҳи террористӣ дар Берлин навишт: “Ағлаби ҳозирон дар гирдиҳамоии созмони “Муҷоҳидини халқ” (Мунофиқин) бо созмондеҳии тартибдодашуда тавассути ин гурӯҳ аз мадориси Полша ва Чехия ба Берлин бурда шуданд то сандалиҳои холии мавҷуд дар ҳамоишро пур кунанд. Ин афрод бо ваъдаи сафари ройгон ба Берлин, маҳалли иқомати ройгон ва ҳамчунин гардиш дар шаҳри Берлин ба ин шаҳр оварда шуданд. Як зани ҷавони сурӣ ба “Гардиян” гуфт: “мо ин маъракаро дар Фейсбук дидем ва қабул кардем, ки дар таътилот дар он ширкат кунем. Ман то ба ҳол ба Порис наомада будам ва ҳеҷ чиз дар бораи ин гурӯҳ (Мунофиқин) намедонам”.

Нишасти имсоли созмони террористии “Мунофиқин” дар Порис як тафовут бо нишастҳои қаблӣ дошт ва он ҳузури мушовирони наздик ба Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико буд. Руди Ҷулиани, аз мушовирони расмӣ ва наздики Доналд Трамп ва Нют Гингрич, аз чеҳраҳои муҳофизакору ҷангталаб ва ҳомии сиёсатҳои якҷонибагароёнаи Трамп дар нишасти имсоли гурӯҳи террористии “Мунофиқин” ширкат доштанд.

Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Трамп низ дар нишастҳои солҳои қабл бо дарёфти маблағи калоне ширкат карда буд. Ҳомии молии аслии “Мунофиқин” дар солҳои ахир бархе аз давлатҳои арабии вобаста дар минтақа ҳастанд, ки бо Трамп барои фишор ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳампаймон шудаанд.

Ҳимояти давлатҳои аврупоӣ ва амрикоии муддаӣ дар сафи аввали мубориза бо терроризм аз созмони “Мунофиқин”, яке аз парадоксҳои шохис дар иддаои онҳо дар мубориза бо терроризм аст. Гурӯҳаки “Мунофиқин” дар тӯли ҳаёти худ беш аз 17 ҳазор нафар аз чеҳраҳои сиёсӣ, инқилобӣ ва мардуми оддии Эронро бо террор ба шаҳодат расондааст. Баргузории нишасти онҳо дар Порис ҳамзамон бо яке аз бузургтарин ҷиноёти онҳо дар Эрон аст. Дар 28-уми июни соли 1981 дар натиҷаи бомбагузорӣ дар дафтари марказии Ҳизби ҷумҳурии исломӣ беш аз ҳафтод нафар, аз ҷумла дуктур Биҳиштӣ, раиси Қувваи қазоия ба шаҳодат расиданд.

Давлатҳои ғарбӣ дар террорист будани ин гурӯҳ ҳеҷ шакке надоранд. Билл Клинтон дар соли 1997 гурӯҳаки “Мунофиқин”-ро дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ қарор дод. Барак Абама дар соли 2012 барои баҳрабардории сиёсӣ ва ҷосусӣ аз ин гурӯҳ ва фишор ба Эрон, созмони “Мунофиқин”-ро аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ хориҷ кард. Акнун низ Доналд Трамп фикр мекунад, аз ин гурӯҳаки террористӣ, ки дар чашми мардуми Эрон манфур ва фоқиди ҳар гуна пойгоҳи иҷтимоӣ аст, дар ростои сиёсатҳои эронситезонааш истифода кунад.